«CИЁСАТИ МЕҲНАТ ДАР ТОҶИКИСТОН»

Сентябрь 16, 2010 09:47

 Душанбе, 16 cентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод)-.  Дирӯз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаррифии ҳисоботи таҳлилии «Сиёсати меҳнат дар Тоҷикистон» дар таҳриру таҳлили сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои соҳаи иҷтимоию меҳнатии вазорати мазкур Р. Раҷабов пешкаши таҳлилгарон ва коршиносон, сардорони раёсатҳои вазорат ва хизматчиёни давлатӣ гардонида шуд. Дар муаррифии лоиҳаи «Сиёсати меҳнат дар Тоҷикистон» муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Т. Табаров, роҳбари лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо А. Гроза, сардорони раёсатҳо ва хизматчиёни давлатӣ ширкат варзиданд.    Бино ба гуфти сардори раёсати таҳлил ва дурнамои соҳаи иҷтимоию меҳнатии вазорати мазкур Р. Раҷабов, барои Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷиҳати  захираҳои меҳнатӣ махсусан бой, дар шароити кунунӣ дар навбати аввал созмон додани шароит барои меҳнати арзанда барои манфиати иқтисодиёти миллӣ  муҳим ба ҳисоб меравад. Ба ақидаи Р. Раҷабов, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ собит намуд, ки воситаи беҳтарини бартараф намудани чунин харобиҳои иқтисодӣ, суръат бахшидан ба иқтисодиёти дохилӣ мубошад.    Дар чаҳорчӯби ҳисобот масъалаҳои даромад ва пардохти музди меҳнат ҳамчун омили баландбардории самаранокӣ, рушди бозори меҳнат, масъалаҳои муносибати меҳнатӣ ва ширкати  иҷтимоӣ, масоили муҳофизати меҳнат, сиёсати идоракунӣ ва молиявии соҳаи меҳнат, такмили омори меҳнат, ҳамчунин, масъалаи рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани шуғлнокии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор ёфтанд. Сипас, чанде аз иштирокчиёни маросими муаррифӣ андешаҳои худро дар бораи Барномаи дастгирии сиёсати секториалӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо баён доштанд.    Дар муаррифии ҳисоботи таҳлилии «Сиёсати меҳнат дар Тоҷикистон» иброз гардид, ки  хулосаҳо ва тавсияҳои ҳисоботи мазкур ҳангоми коркарди Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 мавриди истифода қарор дода шаванд.                                         

Сентябрь 16, 2010 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд