ДАР ТОҶИКИСТОН САТҲИ КАМБИЗОАТӢ АЗ 72,4% БА 46,7% КОҲИШ ЁФТ

Сентябрь 22, 2010 16:03

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи конфронс оид ба натиҷагирии талошҳои даҳсолаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид Ҳисоботи навбатии ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо дар Тоҷикистон муаррифӣ намуданд. Мавриди зикр аст, ки даҳ сол қабл Эъломияи ҳазорсола ба тасвиб расид ва Тоҷикистон дар қатори 191 кишвари олам ба ин Эъломия шомил гардид. Самтҳои фаъолияти ҷомеаи ҷаҳон, ки дар Эъломияи ҳазорсола инъикос ёфтаанд, бо афзалиятҳо ва ҳадафҳои миллии Тоҷикистон ҳамоҳанг буда, Ҳисоботи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва омода гардидааст. Тибқи Ҳисобот, дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои пешбининамудаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола тӯли солҳои 2003-2009 сатҳи камбизоатӣ аз 72,4% то ба 46,7% коҳиш ёфта, фарогирии аҳолии синни мактабӣ бо маълумоти ибтидоию миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзун гардид ва сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ баланд бардошта шуд. Бояд қайд кард, ки дар заминаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои стратегӣ таҳия ва қабул намуд, ки афзалиятҳо ва самтҳои асосии рушди кишварро муайян менамоянд. Аз ҷумла, Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 ва 2010-2012 таҳия ва қабул гардиданд. Ҳамзамон, якчанд омилҳо, мисли бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, коста гардидани муносибатҳои ҳамшарикӣ дар минтақа, офатҳои пайдарпаи табиӣ ҷараёни ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо барои Тоҷикистон низ, мисли дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, мушкил гардонид. Новобаста аз мушкилоти мавҷуда, айни замон сиёсати давлати Тоҷикистон ба беҳбуди сифати зиндагии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шуда, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, ки бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳамоҳанг мебошанд, равона мегардад. Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни муаррифӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, сохторҳои тоҷикистонии СММ, созмонҳои байналмиллалӣ ва институтҳои молиявии муқими Тоҷикистон ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд.  

Сентябрь 22, 2010 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад