ДАРГУЗАШТИ НАТТОҚИ МАЪРУФИ ТОҶИК
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 18-уми сентябри соли равон наттоқи маъруф, Корманди шоистаи Тоҷикистон Субҳон Раҳматов аз олам даргузашт. Субҳон Раҳматов соли 1934 дар шаҳри бостонии Самарқанд ба дунё омада, пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Самарканд аз соли 1956 то соли 2003 дар радио ва Телевизиони Тоҷикистон аз наттоқи оддӣ то гӯяндаи дараҷаи олӣ фаъолият кардааст. Маврид ба зикр аст, ки С. Раҳматов аз соли 1975 то соли 1985 ба сифати директори радиои Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Ёди неки Субҳон Раҳматов дар дили аҳли қалам ва шогирдони ӯ абадан боқӣ буда, ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» низ нисбат ба фавти марҳум ба хешону пайвандони ӯ изҳори тасаллият мекунад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






