ДАРГУЗАШТИ ШАЙХИ БУЗУРГ
Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Яке аз уламои маъруф ва пешвоёни дини мубини ислом, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Нематзода баъди бемории вазнини тӯлонӣ дар синни 75- солагӣ дар рӯзи 27-уми моҳи мубораки Рамазон, дар даҳаи раҳоӣ аз оташи дӯзах бо олами ҳастӣ падруд гуфта, рӯҳаш ба раҳмати илоҳӣ пайваст. Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандони марҳум, хешу ақрабо ва шогирдону ихлосмандони Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода тасаллият баён кард. Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода шахсияте буд, ки умри пурбаракати худро дар роҳи хидмати софдилона ба ислому мусалмонон, ба халқу Ватан, тарбияи рӯҳонӣ ва ахлоқии мардум, тарғибу ташвиқи эҳсони ватандӯстӣ, даъват ба якпорчагӣ, иттиҳоду иттифоқ ва сулҳу салоҳ сарф намудааст. Ҳоҷӣ Амонулоҳ Неъматзода 5 октябри соли 1935 дар деҳаи Бузургиёни собиқ ноҳияи Обигарм таваллуд шудааст. То соли 1983 ба ҳайси корманди оддӣ дар муассисаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1983 то соли 1989 ба ҳайси имоми панҷвақта дар масҷиди ҷомеъи ба номи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз соли 1989 то соли 1993 имоми панҷвақтаи масҷиди ҷомеъи ба номи Ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархии ноҳияи Рӯдакӣ ва аз соли 1993 то соли 1996 ба ҳайси хатиби масҷиди ҷомеъи мазкур кор кардааст. Аз соли 1996 то соли 1997 ба вазифаи Муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1997 ба вазифаи раиси Маркази исломӣ ва раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва то охири умри худ дар ин вазифаҳо кор ва фаъолият кардааст. Амонуллоҳ Неъматзода узви чандин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла узви Шӯрои адёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, узви Ҷамъияти Даъваи Олами Исломӣ дар Ҷамоҳири Арабии Либия буд. Хидматҳои Амонуллоҳ Неъматзода дар пешрафти фаъолияти масҷидҳо, пешгирӣ аз ҳар гуна равияҳои тундраву ифротгаро калон аст. Тӯли солҳои фаъолияташ Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода дар интишори таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, боло бурдани маърифати исломӣ хизматҳои шоён намудааст.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






