ДАРЁФТИ 530 ГР МАВОДИ НАШЪАДОР
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 13 сентябр ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз пешдолони хонаи истиқоматии Назарова Малика (соли таваллудаш 1967), истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар, 1 халтачаи полиетиленӣ, ки дар дохилаш маводи мухаддири «бангдона» ҷойгир буда, вазнаш 145 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар рафти санҷиш муайян шуд, ки маводи мухаддир ба Назаров Рустам (соли таваллудаш 1967), истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар, нафақахӯр тааллуқ доштааст. Худи ҳамон рӯз аз хонаи истиқоматии Назаров Р. 48 дона қуттии гӯгирд, ки дар дохилашон маводи мухаддири «бангдона» буд, дарёфт карда шуд. Вазни умумии қуттиҳо 385 грамм буда дар якҷоягӣ 530 граммро ташкил медод. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






