«ДАВЛАТИ БЕЗАВОЛ»
Душанбе, 13 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Давлати безавол», таҳти чунин унвон нашриёти «Адиб» китоби муҳаққиқи тоҷик Шоҳмансури Шоҳмирзоро ба тозагӣ нашр намуд. Китоби мазкур аз ҳаёт ва фаъолияти сиёсатмадор ва дипломати саршиноси тоҷик, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чумҳурии Исломии Эрон Рамазон Мирзоев нақл мекунад. Муаллифи китоб сайъ намудааст, ки дафтари хотироти сафир ва дӯстону пайвандони ӯро таҳти унвонҳои «Ҳикояти зиндагии ман», «Меҳрнома» ва «Дар оинаи матбуот» дар китоб гирд оварад. Мавриди зикр аст, ки Рамазон Мирзоев аз соли 2001 то инҷониб сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, бо фаъолияти дипломатии худ дар дар таҳкими муносибатҳои гуногунсоҳаи ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон — Тоҷикистону Эрон нақши муассир гузоштааст. Дар мақолаҳою хотироти дӯстону пайвандони сафир фазилатҳои неку ҳамида, фаъолияти пурсамар, масъулиятшиносӣ ва рӯзгори пур аз панду ҳикмати Рамазон Мирзоев инъикос гардидааст. Дар китоб расмҳо низ ҷо дода шудааст, ки аз ҳаёти пурсаодату бобаракат ва фаъоляити пурсамари Рамазон Мирзоев ҳикоят мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






