«ДАВЛАТИ БЕЗАВОЛ»

Сентябрь 13, 2010 12:21

  Душанбе, 13 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Давлати безавол», таҳти чунин унвон нашриёти «Адиб» китоби муҳаққиқи тоҷик Шоҳмансури Шоҳмирзоро ба тозагӣ нашр намуд. Китоби мазкур аз ҳаёт ва фаъолияти сиёсатмадор ва дипломати саршиноси тоҷик, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чумҳурии Исломии Эрон Рамазон Мирзоев нақл мекунад.  Муаллифи китоб сайъ намудааст, ки дафтари хотироти сафир ва дӯстону пайвандони ӯро таҳти унвонҳои «Ҳикояти зиндагии ман», «Меҳрнома» ва «Дар оинаи матбуот» дар китоб гирд оварад.  Мавриди зикр аст, ки Рамазон Мирзоев аз соли 2001 то инҷониб сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, бо фаъолияти дипломатии худ дар дар таҳкими муносибатҳои гуногунсоҳаи ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон — Тоҷикистону Эрон нақши муассир гузоштааст. Дар мақолаҳою хотироти дӯстону пайвандони сафир фазилатҳои неку ҳамида, фаъолияти пурсамар, масъулиятшиносӣ ва рӯзгори пур аз панду ҳикмати Рамазон Мирзоев инъикос гардидааст. Дар китоб расмҳо низ ҷо дода шудааст, ки аз ҳаёти пурсаодату бобаракат ва фаъоляити пурсамари Рамазон Мирзоев ҳикоят мекунанд. 

Сентябрь 13, 2010 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад