ДУШАНБЕ БОҒШАҲР МЕГАРДАД
Душанбе, 16 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Алҳол корҳои сохтмонӣ дар Боғи навбунёди фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сармуҳандиси Сарраёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Рустам Муродов иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои пойтахт, аниқтараш дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бунёд мешавад. Боғи мазкур дар доираи нақшаи Генералии шаҳри Душанбе бунёд гашта, назираш дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона хохад буд. Боғ дар масоҳати 15 гектар доман густурда, он ба яке аз мавзеъҳои зебоманзар ва ҷойи сайругашти сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил хоҳад гашт. Мавриди зикр аст, ки алҳол дар пойтахт теъдоди Боғҳои фарҳангу фароғатӣ афзудааст. Боғҳои фарҳангу фароғатии Устод Рӯдакӣ, Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», Боғи ботаникии пойтахт аз ҳамин қабиланд, ки маркази баргузории чорабиниҳои гуногуни идона, ҷашнҳои суннатӣ ва сайругашти шаҳрвандон гардидаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






