Э. РАҲМОН БО Ҳ. КАРЗАЙ ГУФТУГЎЙИ ТЕЛЕФОНӢ АНҶОМ ДОД
26 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтугўйи телефонӣ анҷом дод. Сарони ду давлати ҳамсоя маҷмўи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, таваҷҷўҳи бештар ба таҳкими муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир намуданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай омодагии устувори сохторҳои дахлдори ду кишвари ҳамсояро баҳри мубодилаи иттилооти фаврӣ, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва хусусан баҳри пурзўр намудани ҳифзи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон таъкид намуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






