ЭРОДИ Қ. РАСУЛЗОДА АЗ ФАЪОЛИЯТИ РОҲБАРИЯТИ ХУҶАНД

Сентябрь 7, 2010 10:34

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба фаъолияти роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати саривақт ва дар мӯҳлати муқарраргардида тақсим накардани замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон эроди ҷиддӣ гирифта, аз таъмин нагардидани нақшаи даромади буҷет, саривақт пардохт нагардидани музди меҳнат ва нафақа, зиёд гардидани бақияи қарзи андоз дар шаҳру навоҳии Конибодом, Мастчоҳ, Зафаробод, Истаравшан, Панҷакент ва Хуҷанд изҳори нигаронӣ намуд. Зимни баргузории ҷаласаи корӣ 6 сентябр раиси вилоят масъалаҳои марбут ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро, ки ҳангоми сафари навбатии кори худ ба вилояти Суғд баён дошта буд, баррасӣ намуда, соҳаи кишоварзии вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор дод. «Дар соҳаи кишоварзии вилоят баробари дастовардҳо камбудиҳои назаррас низ ҷой доранд, ки аз бепарвоии масъулини соҳа шаҳодат медиҳад. Ин аст, ки дар вилоят соли равон истеҳсоли баъзе намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пилла, ангур, гӯшти моҳӣ, тухми мурғ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам истеҳсол гардид», — тазаккур дод раиси вилоят. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки алҳол дар саҳроҳои вилоят ҳосили бо ранҷ парваридаи деҳқон-пахта интизори чидан аст ва он бояд саривақту беталаф ҷамъоварӣ гардад. Бино ба иттилоъи масъулини соҳаи кишоварзии вилоят ҳосили интизории имсолаи пахта беш аз 89 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва рӯзҳои наздик корвони нахустини  «тиллои сафед» ба корхонаҳои пахтатозакунӣ ва коркард дохил хоҳад шуд. Қ. Расулзода ҷиҳати омодагӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта ба фаъолияти роҳбарони идораи кишоварзии вилоят, роҳбарони ноҳияҳои Зафарободу Ашт, Конибодому Мастчоҳ ва Спитамен эродҳои амиқ гирифта, супориш дод, ки бо ҷалби саривақтии ҳашарчиён ҳосили дар саҳро буда беталаф ҷамъоварӣ гардад ва нақшаи пахтасупорӣ дар вилоят таъмин шавад.  

Сентябрь 7, 2010 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад