ФАРМОНДЕҲИ НАВИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ 201-УМИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — 5 сентябри соли 2010 дар Пойгоҳи низомии 201-уми ду карат ордени Байрақи сурхдори Гатчинаи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон маросими шиносоӣ бо фармондеҳи нави пойгоҳи мазкур полковник Сергей Павлович Рюмшин баргузор гардид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, С.П. Рюмшин бо фармони Вазири мудофиаи Русия ба ин вазифа таъин шуд. Полковник С.Рюмшин 13 сентябри соли 1965 дар шаҳри Курск таваллуд шудааст. Ӯ омӯзишгоҳи олии танкии Харков, Академияи ҳарбии қисмҳои ҳарбии зиреҳпӯш ва Академияи ҳарбии Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русияро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии С. Рюмшин дар маркази таълимии округҳои ҳарбии Приволжски Урал оғоз ёфта, баъдан дар округҳои ҳарбии Закавказйе ва Шарқи дур давом кардааст. Мавсуф зимни фаъолияти меҳнатии худ аз дараҷаи аскари қаторӣ то муовини сардори округи ҳарбӣ ба камол расонидааст. Бояд қайд кард, ки С. Рюмшин бо 5 медали ҳарбӣ мукофотонида шудааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд. Ёдовар мешавем, ки ӯ дар вазифаи фармондеҳи 201-ум Пойгоҳи низомии ду карат ордени Байрақи сурхдори Гатчинаи Федератсияи Русия полковник И.Л.Красинро иваз намуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






