ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 6, 2010 14:58

Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия            Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 16 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон»,   ф а р м о н   м е д и ҳ а м : 1) Аз 1 октябри соли 2010: -маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои илм, маориф,  ҳифзи иҷтимоӣ,  фарҳанг, кормандони дигар муассисаҳою ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) амалкунандаи хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ (ба ғайр аз хизматчиёни давлатии мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ, ки барояшон ҷадвали ягонаи тарифӣ мавриди амал қарор дода мешавад), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура, истеҳсолоти иҷро, идораи давлатии нотариалӣ  ва маош барои рутбаи ҳарбӣ (махсус) ба андозаи  10 фоиз зиёд карда шавад; — зиёдшавии музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз рўи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраргардида мувофиқи Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад;      -нафақаҳои меҳнатии нафақахўрон ба андозаи 15 фоизи нафақаи ҳадди ақали муқарраргардида зиёд карда шавад; -андозаи ҳадди ниҳоии нафақа ба маблағи 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад; -андозаи амалкунандаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба маблағи 150 сомонӣ, барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба маблағи 200 сомонӣ, барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба маблағи 250 сомонӣ ва аспирантҳо ба маблағи 300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Андозаи дигар стипендияҳои амалкунандаи аспирантҳо ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои Донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 10 фоиз зиёд карда шаванд. 2) Аз 1 октябри соли 2010 ҷадвали ягонаи тарифӣ дар асоси таҷрибавӣ ба хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи замима мавриди амал қарор дода  шавад. Андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ дар ҳаҷми 350 сомонӣ муқаррар карда шавад. Ба хизматчиёни давлатии мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ, пардохти иловапулиҳо барои рутбаи тахассусӣ, собиқаи хизмати давлатӣ ва дигар иловапулиҳои музди меҳнат, ки дар асоси қонунгузории   Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, боздошта шавад. 3) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: — дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2010 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда таъмин намояд; -дар мўҳлати як моҳ қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               Эмомалӣ Раҳмон   ш.Душанбе 6 сентябри соли 2010 №923              

Сентябрь 6, 2010 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад