ФАРОГИРИИ 38 НАФАР КӮДАК БА ОМӮЗИШ

Сентябрь 30, 2010 17:31

 Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дар Маркази таълими калонсолон бахши мониторинги кӯдак оғоз шуд, ки дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 50 кӯдаки аз 5 то 17 – сола мавриди омӯзиш қарор гирифтанд,-иттилоъ доданд аз бахши робита бо ҷомеаи  Вазорати меҳнат ва    ҳифзи иҷтимоии аҳолии   ҶТ. Ин кӯдакони маъсум новобаста  аз синну сол дар корҳои вазнин истифода мешуданд. Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, Маркази таълими  калонсолон 38 – нафари онҳоро дар бахшҳои қаннодӣ, дӯзандагӣ, устои қубурҳои обгузар ба омӯзиш фаро гирифтанд. Корҳои ҷустуҷӯӣ ва мониторинги кӯдакон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад.     

Сентябрь 30, 2010 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд