ГЕРОИН ДАР ДОХИЛИ ХАЛТА
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 13 сентябри соли равон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ дар назди дидбонгоҳи Деҳмойи вилояти Суғд, автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланд-Крузер», ки ба Тошбеков Авазбек (соли таваллудаш 1974) истиқоматкунандаи ноҳияи Рушони ВМКБ, тааллуқ дошт, дастгир карда шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми кофтуков аз дохили автомашинаи мазкур 4 бастаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш маводи мухаддири «героин» буда, вазнаш 3 кг 662 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






