ГУРЎҲҲОИ ТЕРРОРИСТИИ РАШТРО КӢ ИДОРА ВА САРВАРӢ МЕКУНАД?
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тавре ки хабар дода будем, нимаи дуюми рӯзи 19-уми сентябри соли 2010 автомошинаи хизматии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозони ин ниҳод ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар қисмати роҳи дараи Камароби ноҳияи Рашт мавриди ҳамлаи ногаҳонӣ ва ноҷавонмардонаи дастаҳои мусаллаҳи террористии Абдулло Раҳимов бо тахаллуси «Мулло Абдулло» ва Аловиддин Давлатов бо тахаллуси «Алии Бедакӣ» қарор гирифт. Дар натиҷаи ин амали ваҳшиёнаи террористӣ 25 нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи ҶТ кушта шуда, 15 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Тибқи гузориши Маркази робитаҳои чамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ ва кўмаки бевоситаи сокинони миллатпарасту ватандўсти ноҳияи Рашт ба зудӣ муайян карда шуд, ки ин гурўҳҳои террористӣ аз ҷониби сокини ноҳияи Рашт Мирзохўҷа Аҳмадов, ки бо лақаби «Белгӣ» маълум аст, идора ва сарварӣ мешуданд. Мирзохўҷа Аҳмадов шахсияте мебошад, ки бо эътирозҳои зиддидавлатиаш, куштори ҳамкоронаш ва сарпечиаш аз иҷрои қонун ва итоат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ соле қабл барои тамоми мардуми кишвар маълум гардида буд. Вале ба хотири халал наёфтани сулҳу субот дар минтақаи Рашт, Президенти кишвар гуноҳхои ўро афв кард. Мирзохӯҷа Аҳмадов дар навбати худ Қуръони азимушшаънро ба даст гирифта қасам ёд карда буд, ки дигар ба муқобили сулҳу осоиши Тоҷикистон ва миллати шарифи ин кишвар силоҳ ба даст намегирад. Вале тавре мебинем, Мирзохўҷа Аҳмадов ин муқаддасотро танҳо барои пардапўш намудани кирдорҳои душманонаи худ истифода мебурдааст. Дар тамоми ин муддат, ў Мулло Абдуллои ҷинояткор ва мавриди ҷустуҷўи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон қарордоштаро дар хонаи худ ва ҷойҳои барои худаш боэътимод пинҳон намудааст. Вақти гирифтаашро баҳри ҷамъоварии ҳаммаслакони бадкирдоре мисли худаш аз дохили кишвар, аз кишварҳои исломии Афғонистону Покистон ва чечентаборони Русия истифода бурдааст. Ба замми ин, миёнравони ў аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҷавонони бесаводу камбизоатро раҳгум зада, бо баҳонаи омўзиши шариати ислом ба таълимгоҳҳои дар деҳҳаҳои Порвоғ, Белгӣ, Самсолик, Сари Пул бурда, онҳоро дар шароити сахттарин нигаҳ медоштанд. Бо онҳо дарсҳои низомӣ ва тарзу усулҳои омода кардани маводи таркандаро мегузарониданд. Дар ин марказҳо таҳти ниқоби омӯзиши таълимоти динӣ марказҳои пинҳонии тайёр кардани террористону экстремистон бо мақсади содир кардани амалҳои террористӣ дар қаламрави кишвар ва бо ин восита коштани тухми маргу низоъ байни шаҳрвандон, ноором сохтани вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии ҶТ ташкил карда шуданд. Яке аз ҳамин гуна таълимгоҳҳои террористӣ дар манзили истиқоматии сокини дехаи Порвоги ноҳияи Рашт Азизов Сайриддин Акбарович — маъмул бо тахаллуси Ҳоҷи Сайридин ҷойгир буд. Шаҳрванди ҶТ Исоев Ҳалим Тағоевич соли таваллудаш 29.09 1984, зодаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон рӯзи 22-уми августи соли 2010 бо гумони содир кардани амали террористӣ дастгир гардида, нисбати номбурда аз тарафи органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тибқи моддаҳои 32 к.3, 179 к. 2, 187 к. 2, 195 к. 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки Исоев Ҳ. яке аз дастпарварони маркази омода кардани террористон дар деҳаи Порвоги ноҳияи Рашт будааст. Тибқи нишондоди Исоев Ҳ. ӯ ва ҳамсолонаш, ки аз 10 нафар иборат буданд, дар тагхонаи Азизов С. таҳти роҳбарии Мавлавӣ Зикрулло таълими динӣ мегирифтанд, истифодаи яроқ ва маводи таркандаро меомӯхтанд. Муддати се-чор моҳ дар ин хона меистоданд, пасон онҳоро ба хонаи Ҳоҷӣ Шариф ва Хоҷӣ Сулаймоншо, воқеъ дар деҳаҳои Белгӣ ва Сари пул мебурданд. Алии Бедакӣ, Мирзохӯҷа Белгӣ чандин маротиба ба назди шогирдони таълимгоҳи террористӣ омада, онҳоро бо хӯрду хурока ва лавозимоти зарурӣ таъмин мекарданд. Дар тагхона як зиндон сохта шуда буд, агар касе камбудӣ мекард, ӯро дар ин ҷо маҳкам мекарданд. Рӯзи 16 августи соли 2010 Исоев Ҳ. бо супориши махсус бо маводи тарканда бо мақсади содир кардани амали террористи ба ш. Душанбе фиристода шуд. Боздошти саривақтии Исоев Ҳ. рӯзи 22 август аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар мақсаду ниятҳои гурўҳи террористии М. Аҳмадовро барои муддате ба таъхир гузошт, вале тавре куштори ноҷавонмардонаи 25 хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа нишон дод, Мирзохўҷаи «Белгӣ» аз мақсади пешгирифтааш даст кашиданӣ нест ва сулҳу оромӣ, меҳнати ҳалолу осоишта, зиндагии осудаи мардуми водии Рашт ва умуман Тоҷикистон барояш арзише надоранд. Дар натиҷаи амалиёти васеъи оперативӣ-ҷангии мақомоти қудратии Тоҷикистон 5 нафар ҷангиёни дастаҳои террористии Мирзохӯҷа Аҳмадов, Абдулло Раҳимов, Аловиддин Давлатов кушта шуданд. Ба хотири халалдор насохтани рафти тафтишот ному насаби онҳо гуфта намешавад. Ҳамчунин, аз гуруҳҳои ҷинояткор ба микдори зиёд силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуданд. Аз ҷумла, аз манзили истиқоматии Мирзохӯҷа Аҳмадов 6 автомат, 3 гранатомёт, 10 мина, беш аз 60 ҳазор дона тир, 3 моддаи тарканда ҳар кадомаш иборат аз 20 килограм тротил, ки бояд дар маркази ш. Душанбе тарконида мешуданд, дарёфт ва мусодира гардиданд. Айни замон амалиёти сохторҳои қудратӣ оид ба дастгир ва ба чавобгарии ҷиноятӣ кашидани дастаҳои террористии Мирзохӯҷа Аҳмадов, Абдулло Раҳимов ва Аловуддин Давлатов идома дорад.