ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ САДДИ РОҲ МЕШАВАД

Сентябрь 29, 2010 09:51

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вақтҳои наздик нархи сӯзишворӣ бетағйир боқӣ мемонад,- иброз доштанд аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».    Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, бо мақсади пешгирии ба таври сунъӣ боло бурдани нархи сӯзишворӣ дар бозори дохилии кишвар ва беасос баланд  бардоштани нарх гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.    Имрӯз нарх аз ҷониби панҷ ширкати калонтарини воридкунандаи сӯзишворӣ назорат ва танзим карда мешавад. Ҳамчунин, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мавриди  аз ҷониби ширкатҳои алоҳида беасос баланд бардоштани нарх садди роҳ аст.    Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо айни замон нархи сӯзишворӣ дар пойтахт баъди моҳи майи соли ҷорӣ бетағйир боқӣ мондааст. Алҳол дар нуқтаҳои фурӯшӣ сӯзишвории пойтахт қиммати 1 литр сӯзишвории навъи АИ-92 4 сомонию 20 дирам  ва   АИ-95 4 сомонию 50 дирам нигоҳ дошта мешавад.

Сентябрь 29, 2010 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад