ХИЗМАТРАСОНИИ БАЙТОРӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ЧОРВОДОРӢ
Шаҳринав, 2 сентябр (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Шурўъ аз аввали соли 2011 дар тамоми ҷумҳурӣ ҳам чорвои шахсӣ ва ҳам чорвои ҷамъиятӣ нишонагузорӣ ва бо шиноснома таъмин хоҳанд шуд. Истеъмоли шири чорвои касал ва гўшти он қатъиян манъ аст. Ҳамчунин, ба сифати хўрокӣ додани танҳо кунҷора ба гови ширдеҳ зарар дорад, зеро дар таркиби кунҷора гасипол ном моддаи заҳрдор мавҷуд аст, ки ба воситаи шир ба бадани инсон даромада, ба саломатии инсон зарар мерасонад. Баъзан овозаҳое мешунавем ва ё дар матбуоти даврӣ мехонем, ки фалон одам аз гўшти чорво ва ё аз шири гов ба ин ё он беморӣ мубтало гаштааст. Саволе ба миён меояд, ки оё чунин бемориҳо ҳастанд? Духтурони байторӣ барои бехатарии биологии маҳсулоти чорво чӣ корҳоро ба сомон мерасонанд? Саҳми байторон дар рушди соҳаи чорводорӣ аз чӣ иборат аст? Инҳо суолҳое буданд, ки хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҳотам Рабиев ба Сардори муассисаи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти ноҳияи Шаҳринав, раиси Ассотсиатсияи байторони ноҳияи мазкур, номзади илмҳои байторӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Шаҳринав аз ҳавзаи рақами 39 Аслиддин Ҳамдамов муроҷиат намуда, посухи онҳоро аз ў пурсон гашт. Мутаассифона, ҳастанд ҳодисаҳои бисёр ногувор, аз қабили бемориҳои бруселёз, туберкулёз, ҳорӣ, сӯхтанӣ, ки ба воситаи шир ва ё гўшти чорвои касал ба одам мегузаранд. Бинобар ин чорвоҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ ҳатман бояд аз ташхиси байторӣ гузаронида шаванд,-гуфт зимни сӯҳбат А. Ҳамдамов. Ҳар як чорво бояд дар муддати муайян аз ташхиси байторон гузарад. Доруҳои зарурӣ бояд дар вақташ ба чорво гузаронида шаванд. Шир ва қаймоқи нопухтаи чорвои касал, ҳамчунин, гўшти онро хўрдан қатъиян манъ аст. Зеро ин омилҳоеанд, ки бад- ин васила бемориҳо аз чорво ба одам мегузаранд ва табобати онҳо хеле душвор аст. Аз соли 2000-ум ин ҷониб Хадамоти давлатии назорати байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии CММ бо баргузории давраҳои омўзишӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисоси байторон ва дастгирии моддию маънавии онҳо, ташкили марказҳои байторӣ мутахассисони соҳаи байториро баҳри боз ҳам кӯмаки ҷиддӣ расонидан ба рушди соҳаи чорводорӣ ҳидоят намуд. Яъне, байторон метавонанд бо гузаронидани доруҳои табобатӣ алайҳи бемориҳои гуногун касалиҳои зиёди чорворо пешгирӣ намуда, дар солимии ҷомеа нақши муайян гузоранд. Зеро тавре академик Павлов гуфтааст: Духтури одам танҳо одамро табобат мекунад, духтури ҳайвон тамоми инсониятро. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз қонунҳое амал мекунанд, ки хизмати байторонро қадр намуда, ба онҳо имтиёзҳои зиёд додаанд. Яъне, байтор ҳақ дорад барои саривақт аз ташхис нагузаронидани чорво шаҳрвандро ба суд дода, аз ў ҷарима ситонад. Дар навбати худ ҳар як чорводор, сарфи назар аз он ки ў чорвои калон дорад ё хурд, саг дорад ё мурѓ бояд доруҳои эмкуниро дар вақташ гузаронад. Сагҳо бояд шиноснома дошта бошанд ва дар он таърихи ҳар як ваксинаи гирифтаашон дарҷ шуда бошад. Яъне. ҳар як чорводор масъул аст, ки бо байтор робитаю ҳамкории доимӣ дошта бошад. Зеро бехатарии биологии маҳсулоти хўрокворӣ, аз ҷумлаи гўшту шир аз бисёр ҷиҳат аз ин ду шахс-чорводор ва байтор вобаста аст. Барои дар ҷойҳои номуайян фурўхтани маҳсулоти гўштию ширӣ ва забҳ намудани чорво,ҳамчунин, барои муносибати бераҳмона нисбат ба чорво дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Ба чорвои ширдор кунҷораро наҷўшонида додан мумкин нест. Дар соҳили дарёи Қаратоѓ ментанит ном хокае мавҷуд аст, ки дар таркиби он макро-микроэлементҳо мавҷуданд. Мо нақша дорем, ки онро ҳамаҷониба омўхта, тибқи барномаи махсус то 5 фоизи онро дар хўрокиҳои омехтаи чорво ҳамроҳ намоем. Ҳамчунин, нақша дорем, ки дар ҳамаи ҷамоатҳо тибқи нақшаи барномаи мазкур нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, маркази иттилоотии компютерӣ ва як сехи истеҳсоли маҳсулоти омехтаи чорворо таъсис намоем. Ин нақшаҳое, ки мо дорем, агар оғози онро аз имрўз сар кунем, баъди 4-5 сол натиҷаи хуб медиҳанд. Яъне, саршумори зотҳои хуби чорво афзун шуда, сифати маҳсулоти ширию гўштӣ беҳтар мегардад. Албатта, сафар кардан ҷаҳон дидан аст. Сафарҳои зиёд ба хориҷа доштам. Аз ҷумла, сафари кишварҳои Шветсия, Эстония, ИМА, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ман як ҷаҳон таассуроти хуб бахшид. Ман омодаам, ки таҷрибаҳои андўхтаамро дар амал собит намоям,-зикр намуд Аслиддин Ҳамдамов Имрўзҳо дар бисёр ҷойҳо пайдо шудани сагҳои ҳорӣ ва одамонро газидани онҳоро мешунавем.Соли равон дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби шахсони масъул 40 ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияи Турсунзода зиёда аз 100 саг парронида шуд. Умуман, бе гузаронидани ваксинаҳо дар вақташ, сагро дар хона нигоҳ доштан хеле хатарнок аст. Сагро дар кўча бе гарданбанду даҳонбанд гирифта гаштан низ қатъиян манъ аст. Тибқи Қонуни нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ аз моҳи январи соли 2011 бояд байторон тамоми чорворо ба қайд гирифта, бо шиноснома таъмин намоянд. Яъне, ҳар сар чорво бояд нишонагузорӣ шавад ва чорабиниҳои ветеринарӣ дар вақташ гузаронида шаванд. Ин омилест, ки ба парвариши зоти хуби чорво таъсири амиқ мегузорад. Алҳол замоне фаро расидааст, ки ҳар кас бояд тибқи нақшаи корӣ фаъолият намояд. Яъне, на ба миқдор, балки ба сифати чорво бояд диққати ҷиддӣ дод. Шояд бас будагист дар хона 5 гови ҳамагӣ 2 литрӣ шир медодаро нигоҳ доштан. Бигзор як сар гове бошад, ки 10,15,20 литр шир диҳад. Мушкилоти дигари чорводорон набудани сехҳои истеҳсоли хўрокиҳои омехтаи серѓизои чорво мебошад. Бисёриҳо ба чорво фaқат кунҷора медиҳанд, ки миқдори зиёди он ба саломатии чорво ва инсон зарар дорад,-афзуд дар охир А. Ҳамдамов.