ХУРӮҶИ БЕМОРИИ СПИД ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Кӯлоб, 2 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Директори маркази бемории СПИД- и минтақаи Кӯлоб Тоҳир Туманов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз соли 2003 инҷониб гирифторони ин беморӣ ба 280 нафар расидаанд, ки аз ин 219 нафарашро мардҳо, 61 нафарашонро занҳо ва 6 нафари дигарро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ин манбаъ барои пешгирӣ намудани хурӯҷи ин беморӣ аз ҷониби фонди Глобалӣ ва Вазорати тандурустӣ маблағҳо ҷудо гардида, ба гирифторони ин беморӣ ройгон хизмат расонида мешавад. Соли 2008 — ум дар ин минтақа 82 нафар мубталоёни СПИД муолиҷа гирифта, айни ҳол таҳти назорати пизишкон қарор доранд. Туманов афзуд, ки аз аввали соли 2003 то ин дам 60 нафар гирифторони ин беморӣ фавтидаанд. Таҳлилҳо собит месозанд, ки соли ҷорӣ шумораи гирифторони ин беморӣ кам шудааст, яъне агар дар соли 2009 — 44 нафар ба қайд гирифта шуда бошад, соли ҷорӣ ин нишондод ба 31 нафар расидааст. Сардори марказ қайд намуд, ки айни ҳол аз ҷониби кормандон дар байни аҳолӣ корҳои профилактикӣ гузаронида шуда, инчунин, гузаронидани семинару вохӯриҳо ба роҳ монда шудааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






