ХУШХАБАР АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷамъоварии пахта торафт суръати тоза мегирад. Ба иттилои ҳамин манбаъ, имрӯзҳо дар ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ дар як рӯз ба андозаи беш аз 9 ҳазор тонна ва ё баробари 3 фоизи нақша пахта ҷамъоварӣ мегардад. Ин тадбир пеш аз ҳама ба ташкили дурусти кор вобаста аст, зеро аз коргари оддӣ сар карда то роҳбарони ҳукуматҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дарки масъулият ва ҳисси ватандориро эҳсос менамоянд. Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ то 27 – уми сентябри соли 2010 дар хоҷагиҳои вилоятҳои пахтакор ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба андозаи 140 ҳазору 318 тонна пахтаи гаронбаҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки он баробари 48,8 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Дар ҷамъоварии пахта 190 ҳазору 265 нафар саҳмдорону ёрдамчиён ширкат меварзанд. Имрӯзҳо аз хоҷагиҳои пешсафи ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ — Шаҳритӯс, Панҷ, Қубодиён ва Қумсангир дар бораи иҷрои нақшаи пахтасупорӣ хушхабарҳо мерасанд. Аллакай даҳҳо хоҷагиҳои деҳқонии ин ноҳияҳои пахтакор аз иҷрои нақша мужда доданд. Ҷамъоварии ҳосил дар тамоми ноҳияҳои пахтакор босуръат идома дорад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






