ИБРОҲИМ НАСРИДДИНОВ БОЗДОШТ ШУД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони ВКД дар самти ноҳияи Файзобод яке аз ҷинояткорони махсусан хавфнок, ташкилкунандаи фирор аз маҳбаси муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Иброҳим Раҷабович, соли таваллудаш 1974, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон дастгир ва безарар гардонида шуд, ки аз ӯ як адад туфангча ва норинҷак мусодира карда шуд. Ёдовар мешавем, ки Иброҳим Насриддинов бо моддаҳои 32 (сӯиқасд ба куштор) ва моддаи 195 (ғайриқонунӣ бо худ гирифтани яроқи оташфишон) дастгир ва ба мӯҳлати 23 сол равонаи зиндон гашта буд. Амалиёт баҳри ҳарчи зудтар пайдо намудани ҷинояткорони боқимондаи аз маҳбас фироркарда идома дорад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






