ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ НАВ ДАР НОРАК

Сентябрь 7, 2010 10:32

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Ба муносибати ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, субҳи имрӯз дар базаи фабрикаи дӯзандагии шаҳри Норак фабрикаи муштараки «Бофандаи Норак» мавриди истифода қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи корхонаи муштарак, ки саҳмгузорони он ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» ва ҶСК «Бунафш» мебошанд, Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ, раиси вилояти Хатлон Ғайбуллои Афзал, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» Анвар Қурбонов иштирок намуданд. Дар вазъи тантанавӣ лентаи рамзии корхонаи муштараки «Бофандаи Норак»-ро  Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ бурид.                Бояд қайд намуд, ки корхонаи мазкур аз коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ иборат мебошад. Корхона дар се баст фаъолият намуда, дорои 146 ҷойи корӣ мебошад. Баробари ба кор шурӯъ намудани корхона дар маҷмӯъ 400 нафар зан бо ҷойи кор таъмин мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол коркарди 1200 тонна риштаи пахтагинро ташкил медиҳад.

Сентябрь 7, 2010 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад