ИНТИҚОЛИ БАРҚИ ТОҶИКИСТОН БА АФҒОНИСТОН

Сентябрь 2, 2010 14:33

Душанбе, 2 сетябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯз то рӯз густариш ёфта, пешравиҳо дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра баръало ба чашм мерасанд. Яке аз чунин пешравиҳо дар соҳаи энергетика ба назар мерасад. Аз ҷумла фурӯши барқ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки аз нимаи дуюми соли 2008 сар карда, аз истгоҳи барқии «Помирэнерҷӣ»-и шаҳри Хорӯғ ба вилоятҳои ҳаммарзи Афғонистон нерӯи барқ интиқол дода мешавад. То аввали моҳи августи соли 2010  490 оилаи қишлоқҳои Башор ва Деҳмурғони ноҳияи Шуғнони ҶИА аз ҷумҳурии мо барқ мегирифтанд. Имрӯз аз тарафи ширкати сохтмонии «Барқсоз»-и  ноҳияи Рӯдакии ҶТ дар қишлоқи Саричашмаи ин ноҳия барои 530 оилаи дигар хати барқ кашида шуда истодааст. То имрӯз зиёда аз 700 адад симчӯб насб  шуда, дар рӯзҳои наздик ҳамаи симчӯбҳо, яъне 930 адад симчӯб насб хоҳад гардид. То нимаи моҳи сентябри соли ҷорӣ сокинони ин деҳа ба пуррагӣ бо барқ таъмин мегарданд. Бо дархости мақомоти вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон масъалаи интиқоли нерӯи барқ ба се ноҳияи дигари ин вилоят — Нисай, Ишкошим ва Зебок дар ҳоли баррасии мақомоти Тоҷикистон қарор дорад. Шумораи умумии аҳолии ин се ноҳия 35 ҳазор нафар мебошад.

Сентябрь 2, 2010 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад