ИНТИҚОЛИ ГАЗИ ТАБИӢ 10 МАРОТИБА КАМТАР ШУД

Сентябрь 29, 2010 15:33

Душанбе, 29 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи ҷамъоварии маблағҳо дар соҳаи газтаъминкунӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Душанбегаз» ҳамчун мушкилоти асосӣ дар ин соҳа боқӣ мондааст. Ҷамъоварии маблағи интиқоли гази табиӣ дар 8 моҳи соли ҷорӣ 92,6 фоизро ташкил дода,  67,1 фоизи он ба аҳолӣ рост меояд. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли гази табиӣ 1621,5 ҳазор  м3-ро ташкил намуд. Ба аҳолӣ бошад ҳамагӣ  339,9 ҳазор м3 гази табиӣ интиқол гардид, ки нисбат ба  8 моҳи соли гузашта 10 маротиба камтар мебошад. Ғайр аз ин дар санаи 10 августи соли 2010 аз миқдори умумии муштариён, ки 108508 ададро ташкил медиҳанд, танҳо ба 432 муштарӣ (0,4 %) гази табиӣ интиқол дода шудааст. Масъалаи мазкур дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, зикр шуд, ки дар ин самт бояд роҳбарияти ҶСК «Душанбегаз»  ва сохтори болоии он ҶСК «Тоҷиктрансгаз»  чораҳои зарурӣ андешанд. Зеро интиқоли гази табиӣ дар мавсими зимистон зери суол буда, аз ин рӯ тамоми мушкилот ба системаи барқтаъминкунии шаҳр рост меояд.   Вобаста ба ҳолати ҷойдошта дар ҶСК “Душанбегаз”,   ҶСК «Тоҷиктрансгаз»-ро мебояд ҷиҳати мӯътадилгардонии фаъолияти истеҳсоливу иқтисодӣ, иҷтимоиву молиявии зерсохтори худ чораҳои таъхирнопазир андешида, бобати интиқоли гази табиӣ ба муштариёни худ дар пойтахт дар мавсими зимистони имсола тадбирҳои заруриро амалӣ созад.    

Сентябрь 29, 2010 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад