ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ МЕКСИКА

Сентябрь 2, 2010 11:03

            Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). –  Дар шаҳри Леони Ҷумҳурии Мексика аз 23 то 27 август конфронси ҷаҳонии ҷавонон  баргузор гардид. Дар конфронси мазкур масъалаҳои камбизоатӣ ва маҳдудияти иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ, маориф ва тандурустӣ муҳокима шуданд.             Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иштирокчии чорабинии мазкур аз Тоҷикистон, корманди Созмони ғайриҳукуматии «Маркази паст намудани сатҳи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим» Ҳамза Асанов хабар дод.             Конфронс аз ду қисм — форуми ҷамъиятии ҷавонон ва форуми ҳукуматӣ иборат буда, дар ду давра гузаронида шуд. Дар доираи чорабинӣ, ҳамчунин, мулоқоти намояндагони Созмонҳои ғайриҳукуматӣ доир гардид, ки зимни он ҳуҷҷатҳо доир ба Мақсадҳои Рушди Ҳазорсола ва Эъломияи Гуанахуато муҳокима гардиданд. Дар назар аст, ки ба ин ҳуҷҷатҳои зарурӣ илова ва ислоҳ оид ба масъалаҳои ҷавонон ворид мешавад.                Дар рӯзи кушодашавии конфронс ҷавонони зиёд ширкат варзида, намоиши калон ташкил намуданд, ки дар он Созмонҳои ғайриҳукуматии Амрико, Мексика ва Аврупо фаъолияти худро муаррифӣ намуданд.             Тайи се рӯз танҳо мулоқоти  Созмонҳои ғайриҳукуматӣ бе намояндагони ҳукуматҳо гузашт.             Мутаассифона, аз сабаби дастрас накардани раводид қисми зиёди ҷавонон-намояндагони давлатҳои Афғонистон, Покистон ва Африқо иштирок карда натавонистанд. Ҳарчанд иштироки онҳо барои ҳал намудани прблемаҳои худи онҳо муҳим буд,- афзуд Ҳ Асанов. Ҳуҷҷати ҷамъбастии конфронс, ки моҳи сентябр дар машварати 65 иҷлосияи Ассамблеяи Генералии СММ мавриди баррасӣ қарор мегирад, дар сохтори сиёсати ҷаҳонӣ оид ба кор бо ҷавонон нақши ҳалкунанда мебозад. Ёдовар мешавем, ки конфронс дар чаҳорчӯби Соли ҷавонон, ки аз ҷониби СММ аз 12 августи 2010 то 12 августи соли 2011 эълон гардида буд,  гузаронида шуд.             Конфронси мазкур таҳти шиори «Муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни наслҳо» гузаронида шуд.    

Сентябрь 2, 2010 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад