ИСТЕҲСОЛИ МОЛ ВА ФУРӮШ ДАР САВДОИ ЧАКАНА
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – августи соли 2010 аз ҷониби ҳамаи шаклҳои моликият ва ашхоси воқеӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ ба маблағи 4 млрд. 56 млн. сомонӣ мол фурӯхта шудааст. Дар 8 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии гардиши мол дар савдои чаканаи бозорҳо ва дигар сохторҳои тиҷоратӣ 3 млрд. 933,1 млн. сомониро ташкил дод. Дар ин давра ба маблағи 387,3 млн.сомонӣ чорвои зинда, 138,9 млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш ва сабукрав, 342,3 млн. сомонӣ маҳсулоти нафтӣ ва ба маблағи 823,5 млн сомонӣ маҳсулоти озуқаворӣ, сабзавот, картошка, мева, маводи сохтмонӣ, газвор, пойафзол, мебел, асбобу анҷоми барқӣ ва боз даҳҳо номгӯй маҳсулот фурӯхта шудаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






