ИТТИҲОДИ АВРУПО ВА ИҶТИМОИЁТИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 30, 2010 13:55

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. Маҳмадаминов бо ҳайати намояндагии Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд.             Дар мулоқот аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо роҳбари ҳайат Роберт Брудзинский, коршиносон Гнел Седрокян ва Улла Багу иштирок намуда, оид ба масоили дурнамо дар соҳаи иҷтимоиёт мубодилаи афкор намуданд.             Мақсади асосии мулоқот  ин муҳокимаи рафти иҷрои чорабиниҳое буд, ки дар барномаи Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии сиёсати секторалӣ дар солҳои 2007-2012 пешбинӣ шуда буданд.             Дар рафти мулоқот зикр гардид, ки бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо 102 нафар мутахассисони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар курсҳои гуногуни тахассусӣ омӯзонида шудаанд ва минбаъд бошандагони хона-интернатҳои маъюбон ва пиронсолон бо маҳсулоти озуқа ва доруворӣ таъмин карда мешаванд.   Мулоқот дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва қаноатмандии тарафҳо ҷараён гирифт.          

Сентябрь 30, 2010 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад