ИТТИФОҚИ КАСАБА ВА ҲУҚУҚУ КАФОЛАТИ ОН
Бадахшон, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфишои Додо). -Дар Китобхонаи шаҳри Хоруғ ба номи Ҳофизи Шерозӣ машварати кормандони Кумитаи марказии иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар машварат муовини раиси Кумитаи мазкур Ғарибшо Ғаюров, мудирони шўъбаҳои кумита С. Шарипов ва М. Дилшодов иштирок намуда, оид ба масъалаҳои «Дар бораи шарики иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, «Дар бораи иттифоқҳои касаба ва ҳуқуқу кафолати фаъолияти онҳо», «Дар бораи Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳофизати меҳнат» андешаронӣ намуданд. Онҳо дар мӯҳлати 10 рӯз аз навоҳии Дарвоз, Рўшон, Роштқалъа, Шуғнон ва шаҳри Хорӯғ дидан намуда, аз вазъи ташкилоти давлатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бохабар гардида, баҳри беҳбудии кор ёрии амалии хешро мерасонанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






