КӮМАК БА ОИЛАҲОИ ҚУРБОНИЁНИ КАМАРОБ

Сентябрь 27, 2010 11:13

Душанбе, 27 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе ба  оилаҳои ду нафар сарбози дар ҳодисаҳои нангини дараи Камароб ҳалокгашта -Раҳмонов Неъматулло Ҳасанович (истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ) ва Абдуллоев Баҳром Файзуллоевич (сокини ноҳияи Сино) кӯмаки яквақтаина расонд. Кӯмаки яквақтаина бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 23 сентябри соли 2010 дар робита ба маҳкумсозии ҳодисаҳои 19 сентябри соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба вуқӯъ пайваста  ва дастгирии маънавию молиявии оилаҳои сарбозони аз шаҳри Душанбе дар ин воқеа қурбонгардида расонида шуд.  Инчунин, дар асоси ин Қарор Раёсати тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати расонидани хизматрасонии тиббии пайваста ва ба боғча фаро гирифтани фарзанди сарбози марҳум Раҳмонов Неъматулло Ҳасанович чораҳои зарурӣ андешанд.  Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, кӯмаки молиявии яквақтаинаро бо изҳори тасаллият аз номи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев,  муовини Раиси шаҳр Санавбар Раҳимова ва раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдуғаффор Рауфӣ ва Абдулҳамид Самадов ба пайвандони қурбоншудагон расониданд.

Сентябрь 27, 2010 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад