КӮМАК БА ТОЛИБИЛМОНУ ДОНИШҶӮЁН
Душанбе, 6 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оғози соли нави таҳсили 2010-2011 ба 7 ҳазору 500 нафар толибилмон кӯмак расонд. Хонандагон аслан фарзандони оилаҳои ниёзманд буда, онҳо таҳти сарпарастии Кумитаи имдод қарор доранд. Кӯмакҳо асосан аз воситаҳои хониш ва таълимӣ, ба мисли ҷузвдон, лавозимоти хатнависӣ аз қабили дафтар, худкор, қалам ва ғайраҳо иборат мебошад. Назар ба иттилои корманди масъули Кумитаи мазкур Абдуғаффори Солеҳ Кумита тасмим гирифтааст, ки вақтҳои наздик ба 400 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки аз ҳисоби Кумита дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд, кӯмакҳои моддӣ расонад








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






