КӮМАКИ ИДОНА БА АШХОСИ НИЁЗМАНД

Сентябрь 2, 2010 13:42

        Душанбе, 2 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия  Саидова).-Дар моҳи шарифи Рамазон намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом  Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бархе аз муассисаю ташкилот ва хона -интернатҳо маъракаи ифторро ташкил кард.          Мудири намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар тӯли моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи хайру саховат аст,  барои  2000  нафар маҳбусони маҳбасхонаҳои  шаҳрҳои Душанбе  ва Қӯрғонтеппа,  450 нафар чеварони корхонаи дӯзандагии либосҳои низомӣ,  дар масҷиди ҷомеъи маҳаллаи 33-и пойтахт барои 300 нафар,  барои 300 нафар кормандони шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», 260 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои  бачаҳои маъюб воқеъ дар ноҳияи Ҳисор  ва 450 нафар ниёзмандон дар шаҳри Хуҷанд ифтор доир намудаанд.          Алҳол аз ҷониби намояндагиҳои Кумита ташкили маъракаҳои ифтор дар дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон давом дорад. Ҳамзамон, С. Разавӣ афзуд, ки дар арафаи Иди Рамазон кӯмакҳо, аз қабили маводи ғизоӣ ба оилаҳои ниёзманд ва маъюбон расонида мешавад, ки ба ғанӣ гардонидани дастархони идонаи онҳо муосидат менамояд.

Сентябрь 2, 2010 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид