КӮМАКИ КИШВАРИ ДӮСТ
Душанбе, 27-уми сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб 200 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ кӯмак расонд. Аз Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маблағи ҷудогардида 24 сентябри соли 2010 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд. Мавриди зикр аст, ки бар асари боронҳои пайдарпайи моҳи май ва омадани сели калон дар маҳаллаи Чармгарони Поёни шаҳри Кӯлоб мардуми зиёд бе манзил монд. Инчунин, офати табиӣ хисороти зиёди ҷонию молиро ба бор оварда буд, ки ҳаҷми он ба миллионҳо сомонӣ баробар аст. 14.15.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






