КӮМАКИ ТОҶИКИСТОН БА ПОКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдори ҳукумати мамлакат дастур дод, ки барои дастгирии мардуми аз обхезии шадид осебдидаи Ҷумҳурии Исломии Покистон кўмаки башардўстона равон намоянд. Тибқи дастури Сарвари давлат кўмаки башардўстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дўсту бародари Покистон аз 80 тонна маводи ғизоӣ, 100 хайма, 1000 маҷмўъ либоси кўдакона, 1300 адад кўрпаю болопўш ва асбобу ашёи дигари рўзгор иборат хоҳад буд. Хотиррасон бояд намуд, ки дар натиҷаи обхезиҳо дар Покистон 1 миллиону 200 ҳазор хонаҳо хароб гашта, беш 1,5 миллион нафар осеб дидаанд, зиёда аз 1700 нафар ҳалок гашта 2632 кас ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Би иттилои сарчашмаҳои ҳукуматии Покистон, хисороти иқтисодии ин офати табиӣ баробар ба 23 миллиард доллари амрикоӣ аст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






