КӮМАКИ ВАЗОРАТ ДАР АРАФАИ ИДҲО
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар доираи амру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани кӯмакҳо ба мактаб интернатҳо ва оилаҳои камбизоат ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноат ба мактаб-интернати «Танобчӣ», воқеъ дар ноҳияи Темурмалик ба миқдори 8000 сомонӣ кӯмак расонида шуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, кӯмаки расонидашуда аз маводи ғизоӣ ва ашёи зарурӣ барои мактабу хоҷагӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, макарон, биринҷ, лӯбиё, марҷумак, перловка, пиёз, картошка, сабзӣ, гӯшт, каду ва фурӯзонакҳои каммасраф иборат мебошад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






