КАФОЛАТИ БЕҲТАРШАВИИ ХИЗМАТРАСОНӢ

Сентябрь 24, 2010 12:34

  Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-   23 –юми сентябри соли ҷорӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов роҳбари ҳайати Бонки Рушди Осиё Грехем Сэтл   намояндаи доимии бонки мазкур дар  Тоҷикистон Ҷоҷи Токешӣ ва дигар аъзои ҳайатро ба ҳузур пазируфт,- гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири бахши робита бо ҷомеаи вазорати мазкур Ф. Фозилов.             Мақсад аз ин вохӯрӣ таҳияи барномаи пешниҳодгардида оид ба беҳтар намудани хизматрасонӣ дар ҶТ мебошад.             Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, Бонки Рушди Осиё  (БРО) оид ба беҳтар намудани соҳаи хизматрасонӣ ба ҷумҳурии Тоҷикистон 34 млн. доллари амрикоӣ ҷудо намуд.             Вазир аз ҳамкориҳои БРО бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва бахусус, аз таваҷҷӯҳи пайвастаи он  ба давлати соҳибистиқлоли ҶТ изҳори   сипос намуд ва иброз дошт, ки ҳамкориҳои худро бо ин бонки мӯътабари осиёгӣ идома хоҳад дод.             Сӯҳбат дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.  

Сентябрь 24, 2010 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад