КАСАЛИҲОИ СИРОЯТӢ ПЕШГИРӢ КАРДА МЕШАВАНД

Сентябрь 17, 2010 11:01

           Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино ба гуфти сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзӣ, доктори соҳаи ветеринарӣ  Муллоҷон Амирбеков, дар ҷаласаи генералии 78 – уми Бюрои Байналмилалии Эпизотӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ аз касалии тоуни чорвои хурди шохдор солим эълон карда шуд.               Миёни 152 мамлакат, ки намояндагони ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок карданд, иброз дошта шуд, ки дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон аз касалиҳои хавфноки сироятии ҳайвонот: вабои сумдарди чорво, бруселлёз, сӯхтанӣ, ҳорӣ ва тоуни чорвои хурди шохдор   давлатҳо садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари калони иқтисодӣ мебинанд.             Бо вуҷуди мушкилоти молиявӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои давлатӣ баҳри пешгирии касалиҳои хавфноки сироятӣ барои соли 2010 маблағи муайян ҷудо намуд, ки он бо тарзи мақсаднок истифода гардида, ҳамагуна касалиҳои сироятии чорво дар 8 моҳи соли ҷорӣ пешгирӣ карда шудааст,- иброз дошт М. Амирбеков ба мухбири АМИТ «Ховар».

Сентябрь 17, 2010 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад