КИТОБ ОИДИ ТАБОБАТИ САНГИ ГУРДА БА ЧОП РАСИД
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Китоби нави кормандони Донишкадаи байналмиллалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, академики Тибби исломии Эрон, доктори илмҳои тиб, профессор Юсуф Нуралиев ва номзади илмҳои тиб, Корманди шоистаи Тоҷикистон Саидҷон Нодирӣ дар нашриёти «Гулбарг»-и ҶИЭ бо теъдоди се ҳазор нусха нашр гардид. Номи китоб «Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги кулия» (гурда) буда, дар он ривоёти Абӯалӣ ибни Сино оид ба бемориҳои санги гурда чоп шудаанд. Китоб аслан зиндагиномаи Абӯалӣ ибни Сино ва табибони ҳамасри ӯро дар бар мегирад. Як боби китоб пурра ба роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳои санги гурда тавассути гиёҳҳои шифобахш ва парҳез бахшида шудааст. Бобҳои дигар номгӯи яксаду даҳ гиёҳи фармудаи Сино, таркиби химиявии онҳо, тарзи тайёркунӣ, нигоҳдорӣ, тадбирҳои курси табобати на танҳо касалиҳои гурда, дил, қанд, балки касалиҳои занона низ дар ҳамбастагӣ бо тибби муосир пешниҳод шудаанд. Китоб барои оммаи васеи хонандагон ва донишҷуёни Донишгоҳи тиббӣ пешниҳод шудааст. Ёдовар мешавем, ки китоби мазкур чандин маротиба дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб иштирок намуда, аз сабаби талаботи зиёд ба он бори панҷум нашр мешавад. Ин натиҷаи кори аввалини олимони тоҷик дар ҶИЭ мебошад. Бояд гуфт, ки китоб муфассал ва оммафаҳм навишта шуда, роҳнамои хубест барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои санги гурда.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






