КОМИССИЯИ БОСАЛОҲИЯТИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА

Сентябрь 17, 2010 11:17

         Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ёвари раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, дар робита бо арзу шикояти сокинони шаҳру навоҳии вилоят  раис аз ҳисоби кормандони масъули ниҳодҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дод.             Гурӯҳи корӣ баъзе камбудиҳоро дар кори Кумитаи заминсозии як қатор ноҳияҳои вилоят ва масъулини ҷамоатҳои деҳот ва мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои вилоят ошкор намуд.             Ба андешаи раиси вилоят Қоҳир Расулзода, баррасии арзу шикояти мардум натиҷаи фориғболии масъулини мақомоти маҳаллӣ дар иҷрои вазифаҳои ба онҳо супоридашуда буда, маъниии иҷро накардани онҳоро  ҳамчун хизматчии давлатӣ дар сатҳи зарурӣ дониста мешавад.             Бо мақсади баррасии арзу шикояти шаҳрвандон рӯзи кабули онҳо аз тарафи  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вуҷуд дорад, ки ҳадафи он ҳвалли масъалаҳои ба миён гузоштаи шаҳрвандон ва беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори сокинон ва огаҳӣ ёфтан аз вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо мебошад,- иброз дошт ёвари раис   ба мухбири АМИТ «Ховар».

Сентябрь 17, 2010 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад