КОРҶӮЁН, БА СИРК ШИТОБЕД !

Сентябрь 16, 2010 15:23

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина) — Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва ба ин васила дарёфти мутахассисон барои ташкилоту муассисаҳои мухталиф 17 сентябр дар Сирки давлатии тоҷик ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод доир мегардад. Дар ярмарка аз корхонаву муассисаҳои шаҳр беш аз  2409 ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озодро  дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла дар соҳаи маориф 249 ҷой, саноат 346, сохтмон 97, нақлиёт ва алоқа 21, дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 117 ҷойҳои холии корӣ ва дар дигар соҳоти хоҷагии халқ 503 ҷой пешниҳод гардид. Имрӯзҳо нарасидани кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ 1076 нафарро ташкил медиҳад, ки инҳо табибон, кормандони сатҳи миёнаи ин соҳа, санитарон ва дигар хизматчиён мебошанд. Сабаби нарасидани кадрҳои соҳаи тиб маоши ками кормандон ба ҳисоб меравад. Чун солҳои пешин ба мутахассисону кадрҳои соҳаи саноат ва сохтмон, аз ҷумла кафшергари газӣ, харрот, дуредгар, андовачӣ, сангтарош, рангуборчӣ ва сохтмончӣ  талабот зиёд аст.   «Дар ярмарка намояндагони муассисаю ташкилотҳо барои корҷӯён роҳхат доданд. Он нафароне, ки аз рӯи ихтисос барои худ ҷойи муносиб наёфтанд, ё ин ки касеро музди маош қонеъ нагардонид, ё нафаре хоҳиши гирифтани касби нав дошт, барои таҳсил ба маркази омӯзиш барои калонсолон фиристонида мешаванд. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ярмаркаи мазкур дар он намояндагони ҳокимияти давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, роҳбарони муаассиса ва ташкилотҳое, ки рӯйхати ҷойи холӣ пешниҳод намудаанд, иштирок менамоянд» — гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мирзораҳмат Иброҳимов, директори маркази шуғли аҳолии шаҳр.  

Сентябрь 16, 2010 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад