КУШТОРИ БЕРАҲМОНА ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 13 сентябр истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор Меҳроб Исломов (соли таваллудаш 1988), ба хонаи истиқоматии шаҳрванди шаҳри Душанбе Басбӣ Зарипова (соли таваллудаш 1970) даромада, дар рафти сӯҳбат байни онҳо муноқиша сар мезанад. Дар натиҷаи муноқиша М. Исломов Б. Зариповаро бо корди ошхона 15 маротиба ба узвҳои гуногунаш мезанад. Б. Зарипова аз сабаби гирифтани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Инчунин, ҷиноятпеша 1 адад гарданбанд ва 2 адад ангуштарини тиллоии ҷабрдидаро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, далели шайъӣ аз ҷои ҳодиса гирифта шуд ва оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






