КУШТОРИ БЕРАҲМОНА ДАР НОҲИЯИ Ҷ. РУМӢ

Сентябрь 16, 2010 14:32

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 14 сентябри соли равон шахсони номаълум вориди манзили истиқоматии Алаёрова Салима (соли таваллудаш 1968), истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ. Румӣ шуданд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ин шахсони номаълум бо истифода аз корд ва табар соҳибхона С. Алаёрова ва ҷияни ноболиғи ӯ Алаёров Раҷабалӣ (соли таваллудаш 1993) истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтарро, ки ба хонаи амааш С. Алаёрова ба меҳмонӣ омада буд, ба қатл расониданд. Сипас, манзили истиқоматии С. Алаёроваро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Аз ҷониби кормандони милисаи ноҳия дар ҷойи ҳодиса 2 адад табар ва 1 адад корд ба сифати далели шайъӣ пайдо карда гирифта шуд. Айни замон барои боздошти ҷиноятпешагон корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.   

Сентябрь 16, 2010 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад