ЛИТСЕЙИ НАВ ДАР ДМТ
Душанбе , 22 сентябр . ( АМИТ «Ховар» , Сангзода Муслиҳиддин ) . — Зиёда аз 170 нафар хоҳишмандон.ки 24 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, тавонистанд имсол номи хонандаи литсейи назди ДМТ-ро соҳиб шаванд , зикр намуд директори литсейи мазкур Муҳаррама Қодирова зимни сӯҳбат бо мухбири «АМИТ Ховар» . Тавре аз гуфтаҳои Қодирова бармеояд , пардохти яксолаи таҳсил дар литсей 2420 сомонӣ ё 550 долларро ташкил медиҳад . Он нафароне, ки аз роҳи дур омадаву бо хобгоҳ таъмин мешаванд , 650 доллар месупоранд . Инчунин, онҳое ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд , дар як рӯз се маротиба бо хӯрок таъмин мешаванд . Бояд гуфт, ки литсей дар бинои пештараи факултети биологияи ДМТ ҷойгир шудааст ва аз оғози соли нави хониш ин факултетро ба бинои нави дар шаҳраки донишҷӯён сохташуда кӯчониданд .








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






