«ЛОИҲАИ МИНТАҚАВИИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ БАРҚ»
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишномаи грантӣ ва лоиҳавӣ оид ба «Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд баргузор гардид. Созишномаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи ҶТ-Сафаралӣ Наҷмиддинов, аз номи Бонки Осиёгии Рушд, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон-Ҷоҷи Токешӣ ва аз номи ШСХК «Барқи тоҷик» раиси ШСХК «Барқи тоҷик»-Абдулло Ёров ба имзо расониданд. Ҳадафи лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ, ин ноил гаштан ба амнияти энергетикӣ, таъминоти кофӣ ва боэътимод бо қувваи барқ барои истифодабарии дохилӣ, мақсадҳои тиҷоратӣ ва соҳаи саноатӣ, инчунин, дастгирии содироти қувваи барқ дар минтақа мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 141, 0 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз ҷумла 122,0 млн. долари ИМА гранти Бонки Осиёгии Рушд ва 19, 0 млн. доллари ИМА саҳми ШСХК «Барқи тоҷик» мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур сохтмони ду хати нави интиқоли қувваи барқи 220 кВ, барқарорсозии пурра ва қисмии шаш зеристгоҳи тақсимкунанда, ҷорӣ кардани системаи назоратии идоракунӣ ва ҷамъоварии маълумот (SCADA) дар Маркази диспетчерии идоракунии шаҳри Душанбе ва 32 зеристгоҳи асосии мамлакат, таҳия ва татбиқи Барнома оид ба беҳсозии амалиёти фаврии сектори энергетика ба нақша гирифта шудааст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






