ЛУЖКОВРО КӢ ИВАЗ МЕКУНАД ?
Душанбе, 28 сентябр (АМИТ «Ховар») Агентии иттилоотии Русия «РИА Новости» бо такя ба хабари маркази матбуоти Кремл хабар медиҳад, ки Президенти Русия Дмитрий Медведев фармон дар бораи ба истеъфо рафтани раиси шаҳри Маскав Юрий Лужковро ба тасвиб расонид. Президенти ФР субҳи сешанбе, 28 сентябр Фармон «Дар бораи қатъ гардидани фаъолияти хизматии раиси шаҳри Маскав»-ро ба имзо расонид, ки он дарҳол ҳукми қонунӣ мегирад, хабар дод манбаъ. «Бинобар сабаби аз боварии президенти кишвар баромадан, Лужков аз вазифа барканор гардид»,- хабар дод Наталя Димакова, котиби матбуотии Дмитрий Медведов. Ӯ, ҳамчунин, хабар дод, ки рӯзҳои наздик сарвари давлат нияти бо собиқ раиси шаҳри Маскав мулоқот карданро надорад». Матни пурраи Фармон аллакай дар сомонаи расмии маъмурияти Президент нашр шудааст. Тавре «Интерфакс» хабар дод, Юрий Лужков дар бораи истеъфои худ ҳангоми фаъолият намудан дар ҷойи кор фаҳмид. Тибқи суханони мухбири Агентӣ, раиси шаҳри Маскав тахминан соати 07:50 дақиқа, каме пештар аз нашр шудани фармони истеъфояш ба кор омад. Овозаҳо дар бораи истеъфои Юрий Лужков ҳанӯз аввалҳои моҳи сентябр пас аз ба кор оғоз намудани ширкати иттилоотӣ дар телевизиони федеролӣ пайдо шуда буданд. Хабар дода мешуд, ки шаҳрдори пойтахт 27 сентябр аз вазифа сабукдӯш мешавад. Вале Лужков баъди аз рухсатӣ баргаштан изҳор намуд, ки бо хоҳиши худ ба истеъфо намеравад. Ёдовар мешавем, ки Юрий Лужков соли 1992 бо Фармони Борис Елсин раиси шаҳри Маскав таъин шуда буд. Ӯ тайи ин муддат се навбат раис интихоб гардид. Соли 2007 Юрий Лужков бори панҷум Вакили Думаи шаҳрӣ тасдиқ гардид, — хабар медиҳанд ВАО Русия.