МӮҲЛАТИ БАИСТИФОДАДИҲӢ ТАҒЙИР ЁФТ

Сентябрь 23, 2010 10:24

       Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати энергетика ва сохтмон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  мӯҳлати баистифодадиҳии нерӯгоҳи «Сангтӯда — 2» тағйир дода шуд,- гуфт пудратчии генералии сохтмон  Саид Аскарӣ. Ба гуфти ӯ, тибқи шартномаи баимзорасида, нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» на дар моҳи феврали соли 2012, балки моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати ҷашни  20 – солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ба истифода дода мешавад.             Ба гуфти роҳбари ширкати сохтмонии «Сангоб» — и Эрон  мӯҳлати  мавриди истифода қарор додани нерӯгоҳ танҳо дар сурати пайдо шудани мушкилоти интиқоли масолеҳи сохтмонӣ аз Эрон ва дигар давлатҳои Аврупо тавассути сарҳади Ӯзбекистон мумкин аст тағйир ёбад.         Айни замон чунин мушкилот вуҷуд надорад, бору маводи сохтмонӣ бе монеа тавассути роҳи оҳан    ба макони иншооти сохтмонӣ расонида мешавад. Мушкилоти  қаблӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳи ҳалли худро пайдо кардааст.

Сентябрь 23, 2010 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад