М. БОЛТУЕВ АЗ ВЕНА ЧӢ ОВАРД?
Душанбе, 27 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар назар аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то интихоботи соли 2014 қисман ба низоми нави интихоботӣ- овоздиҳии электронӣ хоҳад гузашт. Дар ин хусус зимни бозгашти худ аз Вена раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки гузариш ба низоми овоздиҳии электронӣ тақозои замони муосир ва пешрафти технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷомеаи мутамаддин, бахусус Тоҷикистон буда, он барои гузаронидани интихоботи озоду шаффоф мусоидат менамояд. Гузариш ба системаи овоздиҳии электронӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93% қаламраваш кӯҳистон аст, афзалияти бештар дорад, мегӯяд. М.Болтуев. Вай афзуд, ки дар интихоботи парлумонии соли 2010, ки баргузории он ба фасли зимистон рост омад, барои бурда расонидани варақаҳои райъдиҳӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ шудем. Дар ағбаи Шаҳристон, ки барфи бисёр борида буд, саривақт варақаҳои овоздиҳӣ ба шимоли кишвар интиқол дода нашуд. Зарурат пеш омад, ки 40 тонна варақаҳои овоздиҳӣ тавассути ҳавопаймо ва чархболҳо ба вилояти Суғд фиристонида шаванд. Номбурда зикр кард, ки гузариш ба низоми овоздиҳии электронӣ чандон маблағи зиёдеро аз буҷаи кишвар талаб намекунад. Дар ин самт тайёр кардани мутахассисони бахши технологияи муосири коммуникатсионию интернетӣ, ки аксарияти насли ҷавони тоҷик ба он дастрасӣ доранд зарур аст. Зеро 70 % аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ менамоянд. Мавриди зикр аст, ки алҳол қисми бештари кишварҳои мутарраққии дунё ба низоми нави интихобот, овоздиҳии электронӣ гузаштаанд. Аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил танҳо Русия ва Қазоқистон қисман ба низоми интихоботии овоздиҳии электронӣ гузаштаанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






