М. ДАДАЕВ: «ШУМОРАИ МАКТАБҲОИ ТОҶИКӢ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН МЕАФЗОЯД»

Сентябрь 2, 2010 16:34

Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чанде қабл роҷеъ ба баста шудани мактабҳои тоҷикӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути ВАО баҳс ва андешаҳои гуногун нашр гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» бо мақсади равшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур ва раванди зисту зиндагонии тоҷикони муқими Қирғизистон бо муовини аввали раиси созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ Мухтор Дадаев ҳамсӯҳбат гардид.       Мухтор Дадаев хабари басташавии мактабҳои тоҷикии Қирғизистонро иттилои бардурӯғ ва беасоси гурӯҳҳои манфиатхоҳ арзёбӣ карда, тазаккур дод, ки: «баръакс, соли ҷорӣ боз дар 2 мактаби деҳаи Ӯчқурғони ноҳияи Қадамҷо синфҳои тоҷикӣ кушода шуд. Тайи солҳои охир 4 мактаби таҳсилаш пурра бо забони тоҷикӣ кушода шуда, дар 12 мактаб синфҳои тоҷикӣ ташкил гардид. Ҳатто, дар мулоқоте, ки мо бо масъулини Вазорати маорифи Қирғизистон доштем, онҳо ҳамеша мегуфтанд, ки барои кушодани синфҳои тоҷикӣ ва бунёди мактабҳо кӣ ва кадом санад пеши роҳи шуморо мегирад, ташкил кунед, то фарзандони шумо, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳастанд, бо забони модариашон — тоҷикӣ таълим гиранд».     Мавриди зикр аст, ки аслан мактабҳои тоҷикӣ дар Қирғизистон дар ноҳияҳои тоҷикнишин, аз ҷумла ноҳияҳои Қадамҷои вилояти Боткент, Лайлаки вилояти Ӯш, ноҳияи Қаросу ва дар баробари ин, барои фарзандони тоҷикони муқими Бишкек мактабҳои якшанбегӣ кушода шудаанд, ки хонандагон дар баробари таҳсил дар мактабҳои таҳсилашон бо забонҳои дигар, рӯзҳои якшанбе бо забони тоҷикӣ дар он ҷо илм меомӯзанд.           Дар мавриди таъмини мактабҳо ва синфҳои тоҷикӣ бо маводи таълимӣ М. Дадаев зикр намуд, ки Созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон чанд сол аст, ки роҷеъ ба ин масъала бо Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» ҳамкории зич дорад. Соли 2009 Созмони тоҷикони Қирғизистон аз Вазорати маорифи Тоҷикистон қариб 2 ҳазору 500 нусха китобҳои дарсӣ, аз қабили забони модарӣ, физика, математика, таърих, ҷуғрофия ва амсоли инҳоро гирифта, ба мактабҳои тоҷикӣ тақсим намуд. Инчунин, соли 2008 аз тарафи Анҷумани «Пайванд» ба синфҳои тоҷикии мактабҳои Қирғизистон 1 ҳазору 500 нусха киобҳои дарсӣ тақдим карда шуд. Мактабҳо ва синфҳои тоҷикии Ҷумҳурии Қирғизистон бо китобҳои дарсӣ қариб 70-80 фоиз таъмин гаштаанд, фақат китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ намерасад. Аз ин рӯ, мо ба Вазорати маорифи ҶТ ва Раёсати Анҷумани «Пайванд» муроҷиат намудем, то ба ҳалли ин мушкилот мусоидат кунанд. Аллакай, бо кӯмаки Анҷумани «Пайванд» мо дар Қирғизистон китобҳо барои синфҳои ибтидоӣ ва таъриху ҷуғрофияи Қирғизистонро аз забони қирғизӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардем.     Бояд тазаккур дод, ки аксарияти омӯзгорони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон хатмкардаи донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳастанд. Бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду сол боз барои фарзандони тоҷикони муқими Қирғизистон квота ҷудо шудааст. Соли 2009-ум 19 нафар ва соли равон 37 нафар ҷавонони тоҷики муқими Қирғизистон ба мактабҳои олии Тоҷикистон дохил шуда, таҳсил доранд. Гуфтанист, ки аз 37 нафр донишҷӯи имсола 20 нафарашон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар бахшҳои омӯзгорӣ, бахусус омӯзгори забону адабиёти тоҷик ва забони англисӣ дохил шуданд. Ҳамаи инҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети Тоҷикистон таҳсил карда, бо идрорпулӣ ва ҷойи хоб таъмин карда мешаванд. «Тайи 20 сол буд, ки шаҳрвандони Қирғизистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил намекарданд. Ин иқдоми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тоҷикони Қирғизистон хуш пазируфта шуда, боварӣ ва эътиқоди мардумро нисбат ба давлату давлатдорӣ ва пуштибони тоҷикони тамоми ҷаҳон будани Эмомалӣ Раҳмон зиёд намуд», — тазаккур дод М. Дадаев.     Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар ҳудуди Қирғизистон 5 мактаб пурра бо забони тоҷикӣ фаъолият карда, дар 7 мактаби дигар синфҳои тоҷикӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Андараки ноҳияи Лайлак мактабҳои миёнаи Андарак-1 ва Андарак-2, дар шаҳрчаи Ҳайдаркони ноҳияи Қадамҷо мактаби миёнаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, дар деҳаи Учқурғони ноҳияи Қадамҷо мактабҳои миёнаи ба номи С. Айнӣ ва А. Ҷомӣ пурра бо забони тоҷикӣ фаъолият доранд. «Дар ноҳияи Аловуққаи вилояти Ҷалолобод зиёда аз 5 ҳазор тоҷик зиндагӣ ва фаъолият мекунанд. Бо дарназардошти ин, мо тасмим гирифтем, ки дар ин ноҳия низ як мактаб ва синфҳои тоҷикӣ кушоем, то фарзандони онҳо низ бо забони модариашон таълим гиранд. Шояд ҳамин сол мо аллакай ба ин мақсад муваффақ гардем. Дар деҳаи Учқурғон бошад, дар баробари мактаби тоҷикӣ, ду синфхонаи тоҷикӣ низ ифтитоҳ карда шуд, ки бевосита ба раванди таълуму иарбияи насли навраси тоҷикони Қирғизистон мусоидат мекунад», — идома дод М. Дадаев. Бояд гуфт, ки имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон зиёда аз 60 ҳазор нафар тоҷикон муқиманд. Мардум ва Ҳукумати Қирғизистон нисбат ба тоҷикони муқими Қирғизистон эҳтироми зиёд дошта, ба забону фарҳанг, урфу одат ва кордонию маҳорати онҳо арҷ мегузоранд. Саҳми тоҷикон низ дар корҳои идорӣ ва соҳавӣ, бахусус иқтисодият, тиб, илм ва фарҳанг назаррас аст. Иҷрокунандаи вазифаи раиси Ассамблеяи халқии Қирғизистон таъйин гардидани раиси Созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон Равшанбек Собиров аз нуфузи баланд доштани тоҷикони Қирғизистон шаҳодат медиҳад. Инчунин, дар Қирғизистон аз ҳисоби тоҷикон зиёда аз 40 нафар номзади илм, 10 нафар доктору профессор ва як нафар академики Академияи илмҳои Қирғизистон  кору фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, сардухтури бемориҳои қалби беморхонаи марказии Қирғизистон, доктори илмҳои тиб, профессор Муродҷон Дадабоев ва раиси Маркази илмиву омӯзишии бемориҳои қалби Вазорати тандурустӣ ва мудири шуъбаи Маркази кардиологияи Ҷумҳурии Қирғизистон, доктори илмҳои тиб, профессор Тулқин Муродалиев тоҷик ҳастанд. Гуфтан ба маврид аст, ки муносибатҳои доду гирифти тоҷикони Қирғизистон бо сокинони ҳаммарзи Тоҷикистон  дар  муқоиса бо дигар кишварҳои ҳамҷавор хуб ба роҳ монда шуда, онҳо метавонанд бемамоният то бозорҳои шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан бо мошинҳои сабукрави худ рафту омад кунанд. Талабагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон бо барномаҳои таълимии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамраъйии ҷониби  Қирғизистон таҳсил карда, маросимҳои мардумии минтақаҳои тоҷикнишин низ бо урфу анъанаҳои миллии тоҷикӣ сурат мегиранд. Месазад тазаккур дод, ки дар муттаҳид намудан ва ҳалли мушкилоти тоҷикони муқими Қирғизистон, дар баробари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек саҳми Созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи «Рӯдакӣ» низ хеле назаррас аст.  Ин созмон соли 1993 аз ҷониби равшанфикрони тоҷики муқими Қирғизистон ташкил шуда, дар қаламрави ин кишвар масъалаҳои забону фарҳанг ва тамаддуни қавми тоҷикро ҳифз ва баррасӣ мекунад.     Саҳми созмони тоҷикони Қирғизистон дар нашри китобҳои «Тоҷикони Қирғизистон», «Чароғи дӯстӣ», «Баррасии сулҳи тоҷикон аз нигоҳи коршиносони хориҷӣ» ва ғайраҳо дар нашриёти Бишкек назаррас мебошад. Инчунин, китоби узви ин созмон Фарҳод Ҷӯраев соли 2008 таҳти унвони «Чингиз Айтматов ва тафаккури кайҳонӣ» аз чоп баромад, ки он аз ҷониби Сандуқи байналмилалии Ҳайдар Алиев соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.     Дар баробари ин, Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ аз соли 2008 нашрияи «Паёми Ала-Тоо»-ро нашр мекунад, ки саҳми он дар тарғибу ташвиқи забону фарҳанг, дастоварду мушкилот ва пойдории анъанаву суннатҳои миллӣ калон аст.    

Сентябрь 2, 2010 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад