МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ ДАСТГИР ХОҲАНД ШУД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Чанд рӯз аст, ки муҳокимаи ҳодисаи фирори 25 нафар маҳбусон тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст. Баъзе аз Васоити ахбори омма нисбат ба воқеаи мазкур ҳаргуна овозаҳои ҳангоматалабона паҳн карда истодаанд. Ҳоло дар ин мавзӯъ сӯҳбати муовини сармуҳаррири АМИТ «Ховар» Дилшодаи Ҷонмардро бо собиқадори мақомоти амнияти кишвар, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, полковники мустаъфӣ Шерматов Умурзоқ Шерматович пешниҳод мегардад, ки номбурда баъди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Тоҷикистон баргашта, тақдири минбаъдаашро бо мақомоти амнияти давлатӣ пайваст. Тӯли зиёда аз 30 соли хизмат аз корманди хурд сар карда, то сардори ҷузъутом, аз лейтененти хурд то рутбаи баланди полковникӣ расид. Дар манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла солҳои тӯлонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон адои вазифа намуд. Он вақтҳо ӯ ва ҳамкасбонаш ҷавон буданд, дар вазнинтарин шароит фаъолият мекарданд, аммо боварӣ доштанд, ки ҳатман ба рӯзҳои нек мерасанд. Инак, ҳаёт нишон дод, ки мо хато накардаем. Имрӯз бошад, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зиндагӣ карда, аз интихоби гузаштаи худ афсӯс намехӯрам, чунки барои ободии Ватани азизамон ва таъмини бехатарии он хизмат намудам, — бо ифтихор мегӯяд Умурзоқ Шерматович. -Ҳодисаи фирори маҳбусонро ҳамчун мутахассиси собиқадори соҳаи амният чӣ гуна арзёбӣ мекунед? — Ҳодисаи фирори 25 нафар маҳбус маро низ бетараф ва беташвиш гузошта наметавонад, чунки ҷинояткорон бояд ҳарчӣ зудтар дастгир карда шаванд ва мувофиқи қонун ҷазои сазовор гиранд. Вале дар баробари ин, баҳсу муҳокимаҳо дар атрофи воқеаи мазкур маро сахт нигарон кардааст. Мутаассифона, баъзе «коршиносон» ва васоити ахбори омма, ки нисбат ба фаъолияти мақомоти амният фаҳмиши дуруст ва таҷрибаи кофӣ надоранд, дар ҷустуҷӯи гунаҳкорон хулосаҳои подарҳавои худро ба ҳадде расонидаанд, ки рӯирост девори сафедро «сиёҳ» мегӯянд. Бо ин гуфтаҳо кормандони маҳбасхонаро «сафед» карданӣ нестам. Баҳо додан ба ҳаракати онҳо ин кори на ману на ҳамаи он муҳаққиқону коршиносон, балки мақомоти тафтишотӣ ва ниҳоят судӣ мебошад. Ғайр аз ин, иддае аз «таҳлилгарон» шояд ба таври махсус ҳамин нуктаро фаромӯш мекунанд, ки маҳбасхонаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар дохили муассисаи ислоҳотии Вазорати адлия ҷойгир аст ва аз маҳбасхонаи амният фирор кардани 25 нафар маҳкумшудагон маънии пурраи ба «озодӣ баромадани» онҳоро надорад. Мо баъзан аз паси ғаразҳои шахсию гурӯҳӣ шуда, ин гуна ҳолатҳои ҳассос ва воқеиро намебинем ё дидан намехоҳем. Хунукназарӣ ва бемасъулиятии ду-се нафар посбонони амният, ки бинобар бетаҷрибагию соддалавҳии худ тӯъмаи ҷинояткорон шуданд, ҳаргиз ифодагари гуноҳи тамоми кормандони мақомоти амният, зиёда аз ин, худи мақомоти амнияти миллӣ шуда наметавонад. Яъне, гунаҳкор сохтани тамоми системаи мақомоти амният аз рӯи тафаккур ва хиради баланди инсонӣ набуда, танҳо ҳамчун як хулосаи бемантиқ бо истифода аз воҳимаю овозаҳо ҷараён гирифтааст. Ман аз як чиз дар ҳайратам, ки чаро имрӯз касе дар хусуси мардонагию ҷасорати чекистон, ки дар давоми солҳои зиёди фаъолият аз худ зоҳир намудаанд, ёдовар намешавад. Чӣ магар онҳо фаромӯш кардаанд, ки солҳои 90-ум дар қиёс бо баъзе аз сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кормандони амният мавқеи бетарафиро ишғол накарданд, баръакс, ҷасурона барои ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостанд. Дар ин давра онҳо даҳҳо ҷосусону тахрибкорони хадамоти махсуси хориҷиро, ки ҳадафи асосиашон аз пора-пора сохтани давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон иборат буд, ошкор ва несту нобуд карданд. Тӯли ин солҳо ба хотири сулҳу ваҳдат, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, тақсимнопазирии марзу буми Ватан ва ояндаи дурахшони сокинони он беш аз 100 нафар кормандони мақомоти амният ҷони ширини хешро аз даст дода, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Маҳз дар натиҷаи фаъолияти босамари кормандони амният теъдоди зиёди ҷинояткорон дастгир ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ решакан карда шуданд. -Ба фикри Шумо миёни ҷавонони имрӯза дар мақомоти амният нафарони сарсупурда зиёданд? -Имрӯз низ фаъолият дар мақомоти амният, бигзор барои баъзе шахсони «хулосабарор» ҳамчун «асал» натобад, чунки на ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба мисли корманди амният фарди ба ору номус, сарсупурдаи Ватану миллат, ғуломи ҳақиқии қонун ва қасами ҳарбӣ шуда метавонад. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки алҳол чекистони ҷавони тоҷик анъанаҳои неку муқаддаси наслҳои калонсолро идома дода, новобаста аз мавҷуд будани мушкилоти зиндагӣ, маоши ночиз ва оддитарин шароитҳои маишӣ дур аз пайвандону наздикон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сарбаландона хизмат карда истодаанд. Ба фикри ман, дар вақти баҳо додан ба ин ё он ҳодиса бояд пеш аз ҳама, эҳтиёткор бошем, дӯстро аз душман ҷудо карда тавонем, ба ҳақиқат бо чашмони кушод нигарем. Табиист, ки имрӯз бо як овоз гуноҳро ба сари тамоми кормандони мақомоти амният, билхоса кулли системаи амният бор кардан, назар ба муайян сохтани сабабу омилҳои аслии ҳодисаи фирори 25 нафар маҳбусон осонтар аст. Вале ин гуна хулосаи нодуруст ва баҳсбарангез яқинан ҷомеаро ба гумроҳӣ мекашад. Ман боварии комил дорам, ки хоҳнохоҳ фирориён, албатта, ошкор ва дастгир карда мешаванд. Аммо дар баробари ин, хуб мешуд, ки мақомоти дахлдори давлатӣ аз паси беҳтар кардани шарту шароити хизмат ва ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти амният мегардиданд. Чунки кормандон дар симои шахсиятҳои алоҳида дер ё зуд меоянду мераванд, аммо система, бахусус мақомоти амнияти миллӣ, ки дар ҳама давру замон ба самараи фаъолияти он ҷомеа, шахс ва давлат эҳтиёҷи бузург доранд, доимо пойдор боқӣ мемонад. Ташаккур барои сӯҳбат.