МАГАР КУШТАНИ МУСУЛМОН ЧИХОД АСТ?

Сентябрь 23, 2010 10:47

Ман зодаи Раштам, зодаи ин диёри офарандаи тамоми неъматхои замини. Хар як сухани баланд, ки дар хакки ин диёр гуфта мешуд, ифтихорамро дучанд мекарду бароям дар чодаи мехнати халолу покиза рохи нав мекушод. Пешаи давлатие низ надорам. Аз пушти мевачоте, ки худ парвариш мекунаму дар бозорхои пойтахти Ватани азизамон мефурушам нони худу фарзандонамро пайдо мекунам. Ифтихорам аз он аст, ки себхои худододаи гармиро ба муштариёнам бидуни ташвикоту таргиботе мефурушам, зеро онхо ин меваи зодгохамро, новобаста аз зодаи кадом минтакаи Точикистони азиз буданашон, аз рангу бую мазааш мешиносанд. Ман хар гохе, ки суруди “Ай дараи Камаров, Анора овардане” -ро мешунидам курта – курта гушт мегирифтаму шукри Худованди мутаъол мекардам, ки тифлии худро дар ин дараи хушманзара ва овозадор паси сар кардам. Имруз, чи? Имруз низ номи дараи Камаров вирди забонхост. Вале якчоя бо калимахои чангу оташ, газабу таассуф, дарду ашку мотам. Имруз замину куху камари ин дара бо хун огушта гардидааст. Бо хуни чандин чавони дунёнадида ва аз сад гулаш як гулаш нашукуфта. Ман онхоро шахид медонам. Шахиди дасти чанд хирасари хайвонсифат, хуноошому даранда, ки дар банди макри сиёсатпешагони исломи афтодаанд. Ман мусулмонам ва худро мусулмони хакики медонам. Зеро тамоми аркону ахкоми шариатро мувофики фармудахои Куръони азимушшаън катъи риоя мекунам. Бо сиёсат коре надорам ва онхоеро, ки исломро тобиши сиёси додаанду ба майдони сиёсат кашидаанд, душманони ислом медонам. Ин ба ном “хомиёни” ислом хар гохе, ки дар кадом кишвари исломие амали зиддиинсони рух дихад ва онро натичаи кирдори террористони исломи эълом созанд, ба шуру валвала меоянд, ки “дуруг аст ва кушиши сиёх кардани ислом аст”. Ман хам бовар мекардам то ба дируз+ . Дируз амали террористи дар Афгонистону Ироку Фаластин руй надодааст. Чои вокеа дараи Камаров. Ичрокунандагони он мусулмононе, ки то дируз бо мо намоз мегузоштанду аз мукаддасоти ислом сухан мегуфтанду мешуниданд. Гайр аз ин, ин одамсуратони замири хайвонидошта, чандин бадгухарони покистони, афгони ва чечении амсоли худро барои кумак дар куштани бародархои худ даъват кардаанд. Онхо куштани мусулмони дигарро чиход мехисобанд. Ин кирдорро чи гуна бахогузори кунем? Чаро мо хомушем? Чаро чунин воизоне монанди Эшони Нуридинчон ва Хочи Мирзо, ки худро пешвои исломии кавму миллат медонанд, хомуширо ихтиёр кардаанд? Магар ин амал бадном кардани ислом нест?! Ё ба акидаи онхо куштори вахшиёнаи 23 чавони бегунох чиход дар рохи ислом аст (Дар миёни ин чавонон метавонист фарзанди хар як нафари мо бошад)? Онхо хатто ба мардум дар хусуси чанд дафъа ва чи гуна бо хамсарони худ бояд хоб раванду каробат дошта бошанд, тавсияхо медиханд-ку. Чаро ба ин тоифа ва умуман ба муридони худ фармудаи Расули Акрам (с) – ро намегуянд, ки “куштани инсон чоиз нест, хатто агар дар рохи Худо бошад”. Чаро онхо ин кирдорро махкум намекунанд ва онро амали гайриинсонию гайриисломи эълом намедоранд? Хочи Акбар Турачонзода дар як баёнияи худ ин амалро мудхиш номида махкум кардааст. Вассалом. Чаноби Турачонзода, хама медонанд, ки ин амал мудхиш аст. Шумо, ки шахсияти сиёсатмадор буда худро олими исломи медонед, бояд ба ин ходисахо аз диди исломи бахо дихед. Шумо бояд мардуми мусулмон ва пайравони худро ба химояи ислом аз чунин мусулмонони ба ин дини мукаддас иснодоваранда, монанди Мулло Абдулло ва Алии Бедаки даъват кунед. Шумо бояд дасти дуо бардошта ба чунин душманони миллат нафрину лаънат хонед, агар хакикатан чонибдори сулху салох дар Точикистонед. Шумо бошед ба террори беш аз 20 нафар чигарбандони точик, бо як ибора – “амали мудхиш” иктифо кардед. Чунин суханони берангу бемагзи сиёсатмаобонаро зани хонанишин хам гуфта метавонад. Ачиб он аст, ки хангоми мавъизахои худ Шумо ва бародаронатон ба вачд меоед, ба кавли бародарони рус ба “транс” медароед. Наход ки куштори ночавонмардона ва вахшиёнаи беш аз 20 сарбози Ватан Шумову атрофиёнатонро такон надод? Бале, Шумо баринхо аз дигар чиз илхом мегиранд ва ба хаячон медароянд, ин хам бошад аз маблаги хангуфте, ки баъд аз “амри маъруфхо” ва намози рузхои чумъа ба чайбашон медарояд. Дар ин миён беихтиёр накли сокинони шахри Вахдат ба ёд меояд. Маълум мешавад, ки майит соатхои дароз нигох дошта мешавад, то ин ки уро Эшони Нуриддинчон чаноза хонад. Вакте шахси мусибатзада ба у мурочиат мекунад, вай соати дилхохашро баён месозад, зеро дар ин ё он чо аллакай “заказ” гирифтааст. Чи чои сухан! Ба рохи охират фиристодани шахси фавтида низ ба бизнес табдил дода шудааст. Намояндаи ХНИТ дар Парлумони кишвар Саидумар Хусайни, низ гуё худро аз ин ходиса дар канор нагирифтааст. У кашфиёте кардааст, ки “вазъ дар минтака сахт чиддан боиси нигаронист”. Гуё дигарон бехабаранд. Мардум аз Шумо дигар икдомотро интизор аст. Иштироки бевоситаи Шуморо дар ба эътидол овардани вазъият. Зеро хама медонанд, ки дар байни ин чинояткорон аъзоёни хизби Шумо низ кам нестанд. Ва бо аксари онхо тамоси бевосита доред. Чаро акаллан онхоро даъват намекунед, ки яроку аслихаро вогузошта ба мехнати халол машгул шаванд. Итминони комил дорем, ки ин навиштахои ман аз чониби ин чанобон ва думравони эшон бо хамлаи шадиду сафедкунанда истикбол гирифта хоханд шуд. То он чое, ки маро аз ахли ширку куфр низ хоханд хонд. Вале ман боке надорам, зеро хар як амали барои муслимин вочибро бо дилу дидаи аз гараз пок адо мекунам ва дар назди Худованди Кариму Рахим мунофику русиях нестам. Ин “хомиён”-и дину диёнат оё дарк намекарда бошанд, ки хомушии онхо, суханони хушку колабиашон, террористон, авбошон, зархаридони афгонию покистони, догистонию чечениро илхом мебахшанд, кувват медиханд, эътикодашонро ба аъмоли бад мустахкам мегардонанд. Умуман бояд ягон шахрванди чумхури худро имруз дар канор нагирад. Мо бояд кумаку дастгирии хешро ба макомоти хифзи хукуки кишвар дар рохи дастгир ва ба чавобгари кашидани ин гуруххои чиноятпеша дарег надорем.   Бахриддини Исматуллох, Хатмкардаи факултаи шаркшиносии Донишгохи давлатии миллии Точикистон, дорои собикаи фаъолияти 10 сола дар мамолики гуногуни араб, истикоматкунандаи шахри Душанбе, 21.09.2010с.   Манбаъ: tajmigrant.com                          

Сентябрь 23, 2010 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд