МАКТАБИ НАВ ДАР ШӮРООБОД
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Дар ҷамоати Сари Чашмаи ноҳияи Шӯрообод мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 23, ки ба наздикӣ таъмир гардида буд, ба истифода дода шуд. Тибқи иттилои манбаъ дар маросими ба истифода додани мактаб, намояндагони Вазорати маорифи ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шӯрообод ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Тавре аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз ҷумлаи лоиҳаҳои бешумори мададрасонест, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз номи халқи Амрико амалӣ мегардад. Корҳои таъмирии бинои мактаби якошёна аз ҷониби Сафорати ИМА ба маблағи 50 ҳазор доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, аз ҷониби Ҳайат оид ба робита бо аҳолӣ иҷро гардид.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






