МАРГ БАР АСАРИ ЗАХМИ КОРД
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — 11 сентябри соли равон шаҳрванд Худобахшов Алидод, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, ба беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ бо ҷароҳатҳои захми корд дар тахтапушташ оварда шуд, ки дар натиҷаи ин захмҳо дар беморхона ҳалок гардид. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрвандон Мамадатоев Мақсад, соли таваллудаш 1989 ва Назармамадов Раҳимёр, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандагони шаҳри Хоруғ, содир намудаанд. Барои дастгир кардани Мамадатоев М. ва Назармамадов Р. корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






